Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати ҷашни “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”

25 июни соли 2021, 15:29 Дида шуд 1344

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати ҷашни “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”

       Санаи 25 июни соли 2021 дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика   вобаста ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ   бо иштироки коллективи кормандон  ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст ҷаласаро муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ   ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи роҳбарият кормандонро бо ин ҷашни муҳими давлатӣ табрик намуд. Ҳамзамон номбурда дар бораи муҳимияти ҷашнвора, нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳким ва истиқрори сулҳу ваҳдати тоҷикон дар минтақа маълумоти мухтасар дода, ҳозиринро ба ватандустӣ, худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуд.