Новости

2 апреля 2021 года в 18:50 Просмотров 783

  Имрўз ( 29 марти соли 2021) дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷаласаи назоратӣ дар реҷаи онлайн баргузор гардид. Сардорони раёсатҳои шаҳри Душанбе, ШНТҶ, шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз кору фаъолияти ҳафтаи сипаришуда маълумот доданд.

      Ҷиҳати дуруст ва беҳтар ба роҳ мондани чорабиниҳои санҷишӣ, корбарӣ оид ба насби дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии ғайрифаъол дар корхонаҳои саноатӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ, назорати ҳолати техникии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, ҷараёни пайвастшавӣ ба хатҳои интиқоли барқӣ дар иншооти ҷашнӣ аз ҷониби сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. ба  масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.