Баргузории аттестатсияи такрорӣ ва навбатӣ

20 декабри соли 2023, 09:56 Дида шуд 136

Баргузории аттестатсияи такрорӣ ва навбатии хизматчиёни давлатии

Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ

 

      Санаи 19 декабри соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии  энергетикӣ тибқи тартиби муқарраргардида аттестатсияи такрории хизматчиёни давлатие, ки моҳи июни соли ҷорӣ баҳои паст гирифта буданд ва кормандоне, ки бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта шаванд, гузаронида шуд. Комиссияи аттестатсионӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муқимзода Н. - мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо), Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҷабализода Ё. - сармутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Махсумов А. – сармутахассиси раёсати электроэнергетика) ва роҳбарияти Хадамот тибқи бандҳои тавсифномаи хизматчиёни давлатӣ бо ҳар як аттестатсияшаванда саволу ҷавоб ва суҳбат намуда, баҳоҳои сазовор доданд.   Натиҷаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатии Хадамот тибқи талаботи муқарраргардида эълон хоҳад шуд.

Хабарҳои охир