Боздиди кормандони Хадамот аз НБО "Роғун"

27 ноябри соли 2023, 16:35 Дида шуд 93

Боздиди кормандони Хадамот аз НБО «Роғун»

 

       Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии энергетикї  дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи рӯзи Парчами давлатӣ бо кормандон ба НБО “Роғун” сафар намуданд. Ҳайати кормандон, ки беш аз 60 нафарро ташкил медод, баъди пӯшидани либосҳои корӣ, тоскулоҳ ва гирифтани дастурамалҳо оид ба техникаи бехатарӣ бо роҳнамоии масъулин аз мавзеъҳои гуногуни неругоҳ, аз қабили нақбҳои сохтмонию нақлиётӣ, дастрасӣ, обрасон, шахтаҳои ҳаводеҳ, обқабулкунакҳои доимӣ, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо, обанбори тозабунёд ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ аз наздик шинос шуданд.

      Дар бинои КРУЭ аз ҷониби директори мудирияти истифодабарии неругоҳ Нурулло Шарифзода оид ба асбобҳои муосири ченкунию назоратӣ, ки дар кишвар назир надорад, маълумоти муфассали муфид дода шуд.

         Ҳамзамон мудирияти нерӯгоҳи мазкур ва 10 нафар кормандони фаъоли неругоҳ ба муносибати ҷашни Парчами давлатӣ ва заҳмати софдилона бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба кормандони нерӯгоҳ хӯроки гарм ва чорабинии фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони варзидаи кишвар ташкил карда шуд.

Хабарҳои охир