Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

20 ноябри соли 2023, 13:47 Дида шуд 111

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори рӯзи Парчами давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

        Санаи 20 ноябри соли 2023 дар  Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ  роҳбарияти Хадамот, кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ”, Озмоишгоҳи электротехникӣ иштирок доштанд. Ҷаласаи тантанавиро сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб ифтитоҳ намуда, дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар доданд.     

       Сипас сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил Матробова Ҷумъагул таҳти унвони “Парчами нангу ори мо” баромад намудаанд. Қайд гардид, ки  таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ, бахусус дар ҳаёти мардуми Эроннажод ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ кашида шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчами Тоҷикистон 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

Дар музокира собиқадори соҳа Бобоев Ҷура ва дигарон баромад намуда, дар васфи Парчами давлатӣ ибрози андеша намуданд.

Ҷаласаи тантанавӣ бо табикоти сардори Хадамот ба анҷом расонида шуд.

Хабарҳои охир