Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябри соли 2023, 13:53 Дида шуд 102

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

        Санаи 16 ноябри соли 2023 дар  Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ  роҳбарияти Хадамот,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода Заррина, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ”, Озмоишгоҳи электротехникӣ   иштирок доштанд. Баъди кушодани ҷаласа ва қироати  Суруди миллӣ сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб таҳти унвони “Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст” баромад намуда, дар бораи  хизмату заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотимабахшии ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва шинохти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, рушду тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ маълумот доданд.   Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода Заррина низ  дар баромади худ дар бораи аҳамияти таърихии иҷлосияи  XVI-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Дар музокираҳо Бобоев Ҷура - собиқадори соҳаи энергетика, Давлатшоев Доробшо – устоди Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва ободиву осоиштагии Тоҷикистони азиз нақши боризи Пешвои миллатро қайд намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кору фаъолият намуда, дар рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошанд.

Хабарҳои охир