Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

3 ноябри соли 2023, 13:59 Дида шуд 98

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   Санаи 3 ноябри соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ  ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ” ва Озмоишгоҳи электротехникӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро муовини сардори Хадамот Каримов Бобоҷон оғоз намуда, ҳозиринро  бо ин ҷашн табрик намуданд. Сипас  муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон дар баромади худ дар бораи ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат маълумоти мухтасар дод. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократй, ҳуқуқбунёд, дунявй ва ягона мебошад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олй мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

        Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқй дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқй надоранд.

     Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

       Зикр гардид, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурй ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалй амал мекунанд.

         Дар охир Исҳоқӣ Даврон ҳамаи кормандонро бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои хонаободию осудаҳолии рӯзгорашонро изҳор дошт.

Хабарҳои охир