Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ

13 октябри соли 2023, 11:26 Дида шуд 124

                                     Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ

 

        Санаи 12 октябри соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки роҳбарияти Хадамот, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳамадзода С., муовини раиси ҶСК “Барқи Тоҷик” Қурбонзода А., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Р., менеҷери раёсати системаи барқтаъминкунии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Раҳматзода Б., муовини директори Муассисаи шабакаҳои  гармидиҳандаи ш. Душанбе Акрамҷонзода А., роҳбари техникии филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Сайфуллоев Қ,  директори филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Розиқов А., сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фузайли Файзулло, сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ, дастгоҳи марказӣ ва кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои шаҳри Душанбе, ШНТҶ, МД “Маркази таълимӣ ва Озмоишгоҳи электротехникӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2023 гузаронида шуд.

          Сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. баъди кушодани ҷаласа ва муаррифии меҳмонон барои ироаи гузориш суханро ба муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. доданд.

        Қайд гардид, ки дар маҷмўъ дар нуҳ моҳи соли 2023 нишондиҳандаҳои Хадамот дар тамоми самтҳо нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 назаррас ва мусбӣ буда, аз 1,1 то 1,7 маротиба   зиёд мебошанд.

Аз тарафи нозирони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба  техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбати 2785  нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 673 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи ҳисоботии соли 2022  729 адад ё 1,4 маротиба ва 209 ҳазор сомонӣ  ё 145% зиёд мебошад.

  Инчунин нисбати 1586 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти қудратӣ пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ба маблағи  207 ҳазор сомонӣ бароварда шуд.

    Ҳамзамон нисбати истифодабарандагони  энергияи барқ 1703 санадҳои вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергия барқ  ва гармӣ дар ҳаҷми  6 296 ҳазор кВт.с  ба маблағи 3 464 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи   ҳисоботии соли 2022  510  санад ё 1,4 маротиба  зиёд мебошад,   

    Илова ба ин  дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ 5 153ҳ.кВт.соат энергияи барқ ба маблағи 1 843   ҳазор сомонӣ  қоидавайронкунии муштариёнро ошкор намуда, зарари расонидашуда барқарор карда шуд.

   Дар умум 11 449 ҳазор кВт.с талафоти энергияи барқ пешгирӣ ва барқарор  карда шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022  50 ҳазор кВт.с зиёд мебошад.

    Санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳои 6016 корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо ва дастгоҳҳои навпайваст  гузаронида шудаанд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022  1576 санҷиш ё 1,4 маротиба ва ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ ё 121% зиёд мебошад.

     Ташхиси  1482 адад воситаҳои ҳимоявӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 285 адад ё 124% ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ ё 144% зиёд  мебошад.

    Сатҳи дониши 4460 масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон санҷида шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2022  374 нафар  ё 109% зиёд  мебошад. 

     Савияи тахассусии  306 нафар  шахсони масъули хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо ва кормандони ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, Муассисаи шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дигар хоҳишмандон   баланд бардошта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи  ҳамин давраи  соли 2022   105%  зиёд мебошад.

     Сипас сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ Асомиддинзода Ф., Соҳибзода Н., Ҷураев Л., Алимов С., Муллобоев Б., Шарифов М., Қаландаров Ш., Нуров М., Асламшоев И., Аминзода И. ба музокира баромада, ба саволҳои муовини вазир ва сардори Хадамот посух гуфтанд.   

      Дар умум, фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардида, аз ҷониби муовини вазир Холмуҳамадзода С. дар самти пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани энергияи барқ, сифати ангишти кашонидашаванда ба анбори ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2»-и ҶСК “Барқи Тоҷик”, кам кардани талафоти энергияи барқ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии тасарруф ва сохтани иншооту корҳои полезӣ дар минтақаҳои муҳофизатии хатҳои интиқоли барқ ва дигар таҷҳизоти барқӣ ва ба ҳолати аввала баргардонидани онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

       Сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. дар таҳлили фаъолияти воҳидҳои сохторӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти раёсатҳои назорати давлатии энергетикӣ дар шаҳри Хуҷанд, минтақаҳои Суғд, Истаравшан ва ШНТҶ-ро хуб арзёбӣ намуда, ба сардорони РНДЭ шаҳри Душанбе, минтақаҳои Бохтару Кӯлоб барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо то охири сол мӯҳлат доданд.

     Инчунин ба ҳамаи сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот ҷиҳати пурзӯр намудани корбарӣ дар самти татбиқ намудани чораҳои муҷозотӣ, пардохти саривақтии маблағҳои ҷаримаҳои маъмурӣ, санадҳои қоидавайронкунӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хабарҳои охир