Баргузории чорабинии сиёсӣ

7 сентябри соли 2023, 13:37 Дида шуд 153

 

       Санаи 07 сентябри соли 2023 мутобиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Назорати энергетика”  чорабинии сиёсӣ ва тантанавӣ бо иштироки васеи ҳамаи кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии шаҳри Душанбе, ШНТҶ, РНССЭ, МД “Маркази таълимӣ” ва Озмоишгоҳи  электротехникӣ  ба ифтихори таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд. Дар чорабинӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. А. ширкат намуд.

      Баъди қироати дастаҷамъонаи Суруди миллӣ сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. бо баромади муқаддимавӣ дар бораи истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, меҳмон ва кормандонро табрик намуд.  Баъдан муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. баромад намуда, кормандонро аз номи худ ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷашни истиқлол табрик намуд. Дар идома дар мавзуи "Истиқлоли давлатӣ – неъмати бебаҳои таърих" сардори шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил Ҳаитов С. П. баромад намуда, дар бораи заҳмату кӯшишҳои Ҳукумати кишвар дар расидан ба истиқлолияти миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ маълумот дод.

      Дар интиҳои чорабинӣ муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. кормандонро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот оид ба амнияти иттилооти дастрасиаш маҳдуд, низоми гузаргоҳ, дастурамали посбонӣ ва рӯйхати сомонаҳои иҷтимоии мамнуъ, ки воридшавӣ ба он, ҷонибдорӣ ё паҳн намудани маводҳои он ба амнияти фардӣ, истиқлолияти давлатӣ халал эҷод менамоянд, шинос намуд.

Хабарҳои охир