Тақдими мукофотҳои давлатӣ

4 сентябри соли 2023, 14:21 Дида шуд 134

      Санаи 04 сентябри соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ маросими ботантанаи супоридани мукофотҳои давлатӣ сурат гирифт. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовинҳои сардори Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ Каримов Бобоҷон Халилович, Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ ва сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ Ғафурзода Тағоймуродро ба мукофотҳои давлатӣ – медали  “Хизмати шоиста” сарафроз гардонида, ҳамаи кормандони Хадамотҳои болозикрро бо 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

      Дар фарҷом Исҳоқӣ Даврон ва Ғафурзода Тағоймурод ҷиҳати қадрдонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои иштироку тақдими мукофотҳои давлатӣ ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки баҳри пешбурди вазифаҳои ба дӯшдоштаашон дучандон меҳнат менамоянд.  

 

 

 

Хабарҳои охир