Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2023

5 июли соли 2023, 09:57 Дида шуд 199

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2023

       Рӯзи 05 июли соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар   нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо дар давоми соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳамадзода С. А., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Р.,  муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Акрамҷонзода А., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии №1-и шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ., директори Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе Розиқов А., роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе Самӣ Даврон,   роҳбари  филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Самизода А., муовини сардори Департаменти неругоҳҳо ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК “Барқи Тоҷик” Қурбонализода С., сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фузайли Файзулло иштирок намуданд.

         Ҷаласаро  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. Х. ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2023  маълумоти муфассал ироа намуданд.  

Дар доираи иҷрои санҷишҳои нақшавии субъектҳои хоҷагидор, ки бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мувофиқа гардидааст, санҷиши 1583 (нақша-1750) субъект амалӣ гардида 91%-и нақшаро ташкил медиҳад.

      Дар раванди  ин санҷишҳо  116 муоинаҳои техникии зеристгоҳҳои барқии 35-220 кВ, 2145 адад истгоҳҳои трансформаторӣ, 602 км хатҳои интиқоли барқи 35-220 кВ, 2457 км хатҳои интиқоли барқи 10-6-0,4 кВ,  312 пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  1291 дастгоҳҳои барқии навпайваст бо тавоноии 90341кВт, насби трансформаторҳо бо тавоноии 120753 кВА ва дигар масъалаҳои пешбинишуда гузаронида шудааст. 

  Бояд қайд намуд, ки дар илова ба санҷишҳои нақшавӣ  дар ин давра   90 корманди Хадамот дар 146 санҷишҳои мақомоти қудратӣ ҷалб гаштаанд.    Аз ҷумла, ба  мақомоти Прокуратура 107 санҷиш, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 16 санҷиш, Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 13 санҷиш,  Вазорати корҳои дохилӣ 7 санҷиш ва адлия, гумрук, андоз 3 санҷиш  рост меояд, ки дар умум нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 19  санҷиш ё 115% зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ меъёрҳои сарфи хоси энергияи барқ барои истеҳсоли воҳиди маҳсулоти  1001 корхонаҳои саноатӣ мувофиқа ва 1974  ҳисоботи шакли 11-РЭ-и истифодаи энергияи барқи корхонаҳо таҳлил карда шудааст, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 - 106  меъёрҳои сарфи хос ва 266 ҳисоботи шакли 11-РЭ ё 1,2 маротибагӣ зиёд мебошанд.

   Инчунин оид ба омода намудани дастгоҳҳои барқии истифодабарандагон ба давраи тирамоҳу зимистон  ба 3230 корхона ва ташкилоту муассиса дастурҳо  дода шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 - 399 дастур ё 1,2 маротиба зиёд мебошад.

  Дар нимсолаи соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ 12 ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 8 ҳолат таҳқиқ гардида, 4 ҳолати дигар дар раванди таҳқиқ қарор дорад.

Дар давраи нимсолаи аввали соли 2023, 5 ҳолати ҳодисаҳои нохуш асосан дар дастгоҳу таҷҳизоти зерсохторҳое, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва 1 ҳолат дар ҶСК “Барқи Тоҷик”, рух додааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш дар нимсолаи соли 2023 (12-ҳолат) нисбат ба нимсолаи аввали соли 2022 (13-ҳолат)                    1 –ҳолат кам гардида, тамоюли камшавӣ доранд.

Хадамот дар  давраи ҳисоботӣ  7 ҳолати ҳодисаи сӯхторҳои аз қувваи барқ баамаломадаро таҳқиқ кардааст, ки  миқдоран ба ҳамин давраи соли 2022  3 адад кам мебошад.

Аз тарафи нозирони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба  техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбати 1941  нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблаѓи 439 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуданд, ки дар муқоиса давраи ҳисоботии соли 2022  507 адад ё 1,4 маротиба ва 123 ҳазор сомонӣ  ё 139% зиёд мебошад.

  Инчунин нисбати 1224 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти қудратӣ пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ба маблаѓи  166 ҳазор сомонӣ бароварда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи  ҳисоботии соли 2022  222 адад ва 21 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

    Ҳамзамон нисбати истифодабарандагони  энергияи барқ 1242 санадҳои вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергия барқ  ва гармӣ ба маблаѓи 2 373 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки дар муқоиса ба  ба ҳамин давраи   ҳисоботии соли 2022  416  санад зиёд 1,5 маротиба  зиёд мебошад. 

    Санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳои 4118 корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо ва дастгоҳҳои навпайваст  гузаронида шудаанд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022  918 санҷиш ё 1,3 маротиба зиёд мебошад.

     Ташхиси  1040 адад воситаҳои ҳимоявӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 90 адад ё 109% зиёд  мебошад.

    Сатҳи дониши 3155 масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон санҷида шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2022  276 нафар ё 110% зиёд  мебошад. 

     Савияи тахассусии  185 нафар  шахсони масъули хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо ва кормандони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” баланд бардошта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи  ҳамин давраи ҳисоботии соли 2022   108%  зиёд мебошад.

   Хадамот дар моҳи июни соли 2023 аттестатсияи кормандони худро бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати  давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронид.

         Баъди гузориши сардори Хадамот сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ба музокира баромада, ба саволҳои муовини вазир ва сардори Хадамот посух доданд.  Дар умум фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардид. Инчунин кору фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамот дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ карда шуд.

         Ҳамзамон аз ҷониби  муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳамадзода С. оид ба пурзӯр намудани назорат дар самти сифати ангишти кашонидашаванда барои Маркази барқу гармидиҳии 2, пайвастшавӣ ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, фаъолияти пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои биллингӣ, тартиб додани тавозуни пурраи энергияи барқ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки иншоотҳои навпайваст, аз ҷумла, ҷашнӣ тибқи талаботҳои муқарраргардида сари вақт мавриди азназаргузаронӣ ва корбарӣ қарор дода, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ тибқи талаботи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Хабарҳои охир