Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи хизмати давлатӣ

30 июни соли 2023, 09:39 Дида шуд 144

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи хизмати давлатӣ дар

Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ

Санаи 23 июни соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба муносибати рӯзи хизмати давлатӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Муассисаи таълимӣ” ва Озмоишгоҳи электротехникӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибов Раҷабмурод иштирок дошт.

Баъди қироати Суруди миллии Тоҷикистон сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб, сипас намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибов Р. дар бораи таърихи рӯзи хизмати давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии он, нақши хизматчиёни давлатӣ дар иҷрои салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ маълумоти муфассал доданд.

Ба муносибати ин санаи таърихӣ роҳбарияти Хадамот ва хизматчиёни давлатие, ки дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ фаъоланд, аз ҷумла, муовинони сардори Хадамот – Каримов Б, Исҳоқӣ Д., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо Сафаров О., сармутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ Маҳмадов Ш. ва мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ Тошева М. бо ифтихорномаҳои Хадамот сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати дуюми ҷаласаи тантанавӣ муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. рӯнамои китоби “Ҳамқадами соҳа”-ро гузарониданд, ки бо ибтикори роҳбарият дар рӯзи иди хизмати давлатӣ аз чоп пурра баромад. Зикр гардид, ки китоби мазкур таърихи Хадамотро аз оғози фаъолият то имрӯз таҷассум намуда, бо ороиши расмҳои ранга аз фаъолияти роҳбарон ва кормандони ин сохтор қисса мекунад. Теъдоди нашри китоб 300 адад буда, ба ҳамаи кормандон супурда мешавад.

Дар охир сардори Хадамот меҳмон ва ҳамаи кормандонро ба идҳои дарпешистодаи Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, таманнои тансиҳатию хушрӯзӣ ва фазои сулҳу суботро намуданд.


Хабарҳои охир