Баргузории ҷаласаи якҷоя ва соатҳои сиёсӣ

16 июни соли 2023, 11:03 Дида шуд 153

Баргузории ҷаласаи якҷоя ва соатҳои сиёсӣ

             Санаи 16  июни соли 2023 дар толори калони Хадамот бо иштироки васеи роҳбарият, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, ШНТҶ, МД «Маркази таълимӣ», Озмоишгоҳи электротехникӣ ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ ва соатҳои сиёсӣ дар мавзуъҳои «Ваҳдат – сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои миллӣ», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва «Пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» гузаронида шуд.

      Ҷаласаро сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ва тартиби гузаронидани соатҳои сиёсӣ шинос намуд. Сипас котиби Комиссияи ҷамъиятӣ Ҳаитов Саидаҳмад вобаста ба ҷашни дарпешистодаи Иди саиди Қурбон банди 4-и моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро шарҳ дод. Қайд гардид, ки талаботи қисми 4 моддаи тафсиршаванда дар хусуси дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона барои ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ надодан равона гаштаанд. Моҳияти масъала аз он иборат аст, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии идҳои Рамазон ва Қурбон хароҷоти зиёд накарда, танҳо дастархони хоксорона ороста, бештар ба тарафи маънавии ин идҳо аҳамият дода шавад.

           Дар рӯзи ид кӯдакон бояд зери назорат бошанд ва аз идгардаки дастаҷамъона худдорӣ намудани онҳо ба дар ин гармии фасли тобистон манфиати саломатиашон ва ҳамзамон амнияти ҷомеа арзёбӣ карда мешавад.  

Аз ин лиҳоз, мо ҳамчун хизматчиёни давлатӣ аз оила сар карда, то  ҳамсояҳо ва хешу ақрабо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузорӣ ҷоннок намоем ва дар ин ҷода масъулиятшинос бошем.

        Баъдан тибқи нақшаи баргузории соатҳои сиёсии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати энергетика” барои гузаронидани соати сиёсӣ сухан ба муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳаитов Саидаҳмад   дода шуд. Номбурда доир ба мавзуъҳои “Ваҳдат – сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои миллӣ” ва “Пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” маълумот доданд.

      Ҳамзамон аз ҷониби мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе Одинаев Сиёвуш дар мавзуи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 маълумот дода шуд.

       Дар фарҷом сардори Хадамот ҳамаи кормандони Хадамотро ба муносибати ҷашнҳои дарпешистодаи Ваҳдати миллӣ ва иди Саиди Қурбон табрик намуда, даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла истиқлолияти миллӣ, суботи ҷомеа  зиракии сиёсиро аз даст надода, дар тарбияи насли наврас фаъол бошанд.

Хабарҳои охир