Баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ

14 июни соли 2023, 11:16 Дида шуд 198

Баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ 

      Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии  энергетикӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз 8 то 13 июни соли ҷорӣ тамоми кормандонеро, ки бояд ба аттестатсия фаро гирифта шаванд, аз аттестатсия гузарониданд. Комиссияи аттестатсионӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муқимзода Н. - мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо), Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҷабализода Ё. - мутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Мирҷонов Қ. – сардори раёсати электроэнергетика) ва роҳбарияти Хадамот тибқи бандҳои тавсифномаи хизматчиёни давлатӣ бо ҳар як аттестатсияшаванда саволу ҷавоб ва суҳбат намуда, баҳоҳои сазовори худро доданд.

    Натиҷаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатии Хадамот тибқи талаботи муқарраргардида эълон хоҳад шуд.

Хабарҳои охир