Баргузории соати сиёсӣ

21 феврали соли 2023, 11:34 Дида шуд 193

      Баргузории соати сиёсӣ

Дар асоси нақшаи баргузории соатҳои сиёсии ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» ва барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз санаи 16 феврали соли 2023, №1 санаи 21 феврали соли ҷорӣ ба муносибати таҷлили “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соати сиёсӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ – сипари давлату миллат” баргузор гардид.

        Ҷаласаро  Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон – Раиси ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» оғоз намуда, дар бораи муҳимияти ин санаи таърихӣ ишораҳо намуданд. Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳаитов Саидаҳмад дар баромади худ дар бораи таърихи таъсиси Артиши миллӣ, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ маълумоти муфассал доданд.  Ҳамчунин муовини сардор Исҳоқӣ Даврон ва собиқадори соҳа Ҷура Бобоев ба музокира баромада, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ҷиҳати тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз доимо фаъол бошанд.

     Ҳамчунин дар ҷаласа сардори раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе Асомиддинзода Фазлиддин бо Сипоснома ва ордени медали ҷашнии “25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.  

Хабарҳои охир