Баргузории ҷаласаи тантанавӣ оид ба таҷлили Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 ноябри соли 2022, 15:05 Дида шуд 225

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

        Санаи 17 ноябри соли 2022 дар  Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ  роҳбарияти Хадамот, сарходими илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад, мудири шуъбаи ҷавонон, раиси ташкилоти “Ҷавонон-созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Фозилзода Шӯҳрат, ҳайати кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ”, Озмоишгоҳи электротехникӣ   иштирок доштанд.

     Баъди кушодани ҷаласа ва хондани Суруди миллӣ сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб баромад намуда, дар бораи Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотимабахшии ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва шинохти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, рушду тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Сарходими илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Ализода Баҳриддин дар мавзӯи “Парчам рамзи муҳими дастовардҳои миллӣ” дар бораи таърихи пайдоиш ва нақши парчам бо истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ баромади пурмуҳтаво ва хотирмон карданд. Мудири шуъбаи ҷавонон, раиси ташкилоти “Ҷавонон-созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Фозилзода Шӯҳрат низ  дар баромади худ дар бораи аҳамияти таърихии иҷлосияи   XVI-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Дар музокираҳо Бобоев Ҷура - собиқадори соҳаи энергетика, Назарова Мисқол – коргузори РНДЭ ШНТҶ бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва ободиву осоиштагии Тоҷикистони азиз нақши боризи Пешвои миллатро қайд намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кору фаъолият намуда, дар рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошанд.

      Дар қисмати дуюми ҷаласа кормандони фаъоли Хадамот, аз ҷумла Зоирзода И. - муовини сардори раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯӣ  ва самаранокии энергия, Сафаралиев Ҷ. - сармутахассиси шуъбаи назорати шабакаҳо дар дастгоҳҳои гармидиҳӣ, Шарипов М.- сармутахасисси РНДЭ шаҳри Душанбе, Ҳамидов А.- мутахассиси пешбари РНДЭ минтақаи Бохтар, Мираков М. - сармутахассиси РНДЭ минтақаи Кӯлоб бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

     Қисмати сеюм бо чорабинии фарҳангӣ бо иҷрои шеъру сурудҳои ҷолиб аз ҷониби мутрибон  дар васфи ватандӯстӣ ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшид.

Хабарҳои охир