Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

4 ноябри соли 2022, 08:24 Дида шуд 308

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

           Санаи 04 ноябри соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД «Маркази таълимӣ» ва Озмоишгоҳи электротехникӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.  Дар ҷаласа муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нурзод Розиқ   иштирок ва суханронӣ намуданд.  

          Ҷаласаро муовини сардори Хадамоти назорати давлатии  энергетикӣ Исҳоқӣ Д. бо сухани табрикӣ оғоз намуда, дар бораи ин ҷашни таърихӣ ва таҳияю қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо ва инчунин таҳкими истиқлолият маълумот дод. Сипас муовини  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода У., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нурзод Р. ва  мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо Маҳмудов Н. баромад намуда, дар бораи бобҳои алоҳидаи “Бахтномаи миллат” – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

         Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур кормандони ҷавони Хадамот Соҳибзода Н. М., Насриддини С., Сафаров А., Миров А.Д. ва Исломзода Ш. барои меҳнати шоистаю софдилона бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

      Инчунин дар анҷоми чорабинӣ кормандоне, ки бори аввал тариқи озмун ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, ботантана савганди хизматчии давлатиро  ёд намуданд.

Хабарҳои охир