Аз натиҷаи озмун

3 ноябри соли 2022, 07:33 Дида шуд 278

        Дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ санаи 18 октябри соли 2022 бо иштироки Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Муқимзода Н., муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насруллозода Ф.Н., сармутахассиси раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон Махсумов А.С., роҳбарияти Хадамот ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Хадамот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун баргузор гардид.

      Дар натиҷа 13 нафар довталабон ба мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ки аз ин шумора 8 нафарашон бори аввал дар соҳаи хизмати давлатӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.  

Хабарҳои охир