Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии нуҳ моҳи соли 2022

7 октябри соли 2022, 16:17 Дида шуд 298

       Рўзи 07 октябри соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии    энергетикӣ ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи  соли 2022 ва вазифаҳо дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ, муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Қурбонзода А., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Б., сардори Департаменти баҳрабардории техникӣ ва технологияи  иттилоотии  ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Азизов О., муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Акрамҷонзода А., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ., директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Самизода А.  иштирок намуданд. Баъди ифтитоҳи ҷаласа  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб дар гузориши худ оид ба фаъолияти Хадамот дар 9 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи нишондиҳандаҳои Хадамот тамоюл ба афзоиш дошта, масъулинро зарур аст, то охири соли ҷорӣ  дар иҷрои нақшаҳои корӣ боз ҳам саҳми арзанда дошта  бошанд. Баъди гузориши сардори Хадамот сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ба музокира баромада, ба саволҳои муовини вазир ва сардори Хадамот посух доданд.  Дар умум кору фаъолияти раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд ва минтақаи Истаравшан, шуъбаи назорати гармидиҳӣ, МД “Маркази таълимӣ”, озмоишгоҳи электротехникӣ хуб арзёбӣ гардида, ба раёсатҳои минтақаи Бохтар, Кӯлоб, Раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия,  шуъбаҳои Зарафшон, ВМКБ ва шуъбаи назорати неругоҳҳо ва ШБ 35 кВ боло барои бартараф намудани камбудию норасогиҳо муҳлат дода шуд.

   Дар охир муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. ҷиҳати роҳандозӣ намудани корҳои назоратӣ дар иншооти ҷашнӣ – “Қасри Арбоб”, давом додани назорати сифати ангишти ба МБГ ш. Душанбе интиқолшаванда аз конҳои истихроҷи ангишт, инчунин оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, қатъшавиҳои технологӣ, кам кардани талафоти энергияи барқ  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  доданд.

 

Хабарҳои охир