Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

8 сентябри соли 2022, 16:06 Дида шуд 265

       Санаи 8 сентябри соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони раёсатҳои шаҳри Хуҷанд, минтақаҳои Суғду Бохтар иштирок доштанд. Ҳамчунин дар ҷаласа муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ ширкат варзиданд. Баъди қироати дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон дар бораи таърихи ҷашн, дастовардҳои 31-солаи Ҳукумати кишвар ва қадршиносиву ҳифзи арзишҳои миллӣ сухан ронда, кормандон ва меҳмононро бо ин  ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуд. Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ низ дар тақвияти суханони сардори Хадамот кормандони Хадамотро табрику таҳният намуданд.

    Роҳбарияти Хадамот ва Кумитаи иттифоқи касаба ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳити тантанавӣ ба 15 нафар кормандони беҳтарини раёсату шуъбаҳо "Ифтихорнома"-и Хадамотро  тақдим намуданд. 

     Ҳамзамон Сардори Хадамот қайд намуд, ки яке аз кормандони Хадамот - сардори Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд Муллобоев Б. Р. бо мукофоти давлатӣ - "Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"  қадршиносӣ карда шудааст, ки боиси ифтихори мо мебошад.  Дар ин радиф меҳнатҳои софдилонаи муовини сардори Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе Толибзода И. И. аз мадди назари Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дур намондааст, ки номбурдаро бо "Ифтихорнома" қадрдонӣ намудаанд.

       Дар охир сардори Хадамот ба меҳмонон барои суханронӣ ва иштирок изҳори сипос намуда, ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи тантанавиро хуш омадед гуфта, ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшиданд.

Хабарҳои охир