Аз натиҷаи ҷаласаҳои ҷамъбастӣ

10 январи соли 2022, 14:34 Дида шуд 409

       Рўзи 5 январи соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар   соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, муовини якуми раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Асозода М., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Б., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Р., сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С., муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Ёров Қ., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ., директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Самизода А., роҳбари техникии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе Қутбиддинов П.   иштирок намуданд. Баъди ифтитоҳи ҷаласа  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб дар гузориши худ оид ба фаъолияти Хадамот дар соли 2021 маълумот дод. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ  нишондиҳандаҳои Хадамот дар тамоми самтҳо нисбат ба соли 2020 назаррас ва мусбӣ буда, аз 1,1 то 10,1 маротиба зиёд мебошанд. Аз ҷумла: санҷишҳо бо мақомоти қудратӣ 1,5 маротиба, муоинаҳои техникии мақомот ва муассисаҳои давлатӣ 1,1 маротиба, корҳои фаҳмондадиҳӣ  2 маротиба, тақсимоти буклетҳои тарғиботӣ 4,3 маротиба, насби таҷҳизоти ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ 7,5 маротиба,  миқдор ва маблағи протоколҳои маъмурии шуъбаи назорати гармидиҳӣ тартиб дода шуда мутаносибан 7,6 ва 10 маротиба, миқдор ва маблағи умумии протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1,7 маротиба, миқдор ва маблағи баррасии протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии мақомоти қудратӣ 1,3 маротиба, миқдор, маблағ ва ҳаҷми энергияи барқи санадҳои қоидавайронкунӣ мутаносибан 3.3, 2,4 ва 2,3 маротиба, санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва санҷиши сатҳи дониш 1,9 маротиба,  баланд бардошта савияи тахассусии  шахсони масъули хоҷагии энергияи барқ ва ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ   1,1 маротиба зиёд мебошад.

        Баъди гузориши сардори Хадамот сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ба музокира баромада, ба саволҳои Вазир ва сардори Хадамот посух доданд.  Дар умум кору фаъолияти раёсатҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Суғд, Хуҷанд, шуъбаи назорати гармидиҳӣ хуб арзёбӣ гардида, раёсати минтақаи Бохтар, озмоишгоҳи электротехникӣ ва раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия миёна, раёсатҳои минтақаи Кӯлоб, Истаравшан, шуъбаи Зарафшон, шуъбаи ВМКБ, шуъбаи назорати неругоҳҳо ва ШБ 35 кВ боло, назорати нафту газ ва ангишт нокифоя баҳогузорӣ карда шуд.

         Дар охир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер фаъолияти Хадамотро дар умум хуб арзёбӣ намуда, ҳамзамон оиди ҷобаҷогузории кадрҳо, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, кам кардани талафоти энергияи барқ, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, натиҷаи дастурҳои додашуда ҷиҳати ба дигар намуди  сӯзишворӣ гузаштан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хабарҳои охир