Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

22 декабри соли 2021, 17:06 Дида шуд 412

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати таҷлили иди касбии «Рӯзи энергетикҳо»

 

          Санаи 20 декабри соли 2021 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба муносибати таҷлили иди касбии «Рӯзи энергетикҳо» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорону намояндагони раёсатҳои минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Суғд, Истаравшан, Зарафшон иштирок намуданд.      

          Инчунин дар ҷаласа намоянда аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сорбони Холмуҳаммадзода,  меҳмонони фахрӣ, аз ҷумла собиқ раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”– Сироҷов Б. С., собиқ вазири энергетика ва раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”– Ёров А. Ё., Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Неъматзода М. М., собиқ сардори  “Назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” – Хоҷаева У. Т., муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”, собиқ сардори Хадамоти   давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика –  Холиқзода М., Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино – Файзуллозода З. Ф. ва собиқадорони Хадамот Шарипов С., Шеров Х.,              Раҳмонов М., Воҳидов Р., Каримов М., Саидов Р. Ҳамидов Н., Маҳмадаминов С., Абулов Ю., Насимов М., Қосимов А.  ширкат доштанд.

         Нахуст сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб дар баромади табрикотии худ дар бораи таърихи ҷашни иди касбӣ маълумот дода, кормандон ва меҳмонони фахриро шодбош гуфтанд. Сипас Сорбони Холмуҳаммадзода - сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далерро ба аҳли толор расонид.  Ҳамчунин Холиқзода М. - муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” кормандон ва собиқадоронро аз номи худ ва аз номи Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Исмоилзода М. табрик намуда, барои заҳмати рӯзмарраи онҳо барору комёбӣ орзу намуд.    Неъматзода М. - Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баъди табрикоти худ сипосномаи Федератсияро ба сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ., ва ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи энергетикаро ба кормандони Хадамот Усмонов А. ва Матробова Ҷ. тақдим намуд. Баъдан устодон-собиқадорони соҳаи энергетика Сироҷов Б. (собиқ раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”), Ёров А. (собиқ вазири энергетика ва раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”) , Хоҷаева У.  (собиқ сардори  “Назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон”) аз хотироти худ дар бораи ҷашни “Рӯзи энергетикҳо” ва роҳи  тайкардаи ин соҳаи афзалиятнок ёдоварӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашн табрик намуданд. 

         Файзуллозода З. - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар  иловаи суханони табрикотии худ ҳамзамон 5 нафар кормандон-ҳамсафони ташкилоти ибтидоии “Назорати энергетикӣ”-ро бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарафроз намуда, ба 6 нафар кормандони ҳамакнун ба сафи ҳизб дохилшуда билетҳои ҳизбӣ супорид.

        Роҳбарияти Хадамот бо қадрдонӣ аз  фаъолияти пурсамар дар нишондиҳандаҳои мусбӣ ба 40 нафар кормандони беҳтарини раёсатҳои шаҳрию минтақавӣ, шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва озмоишгоҳи электротехникӣ ифтихорномаҳо ва бо дарназардошти хизматҳои шоиста дар соҳаи энергетика ба 5 нафар собиқадорон, аз ҷумла ба Шарипов С., Шеров Х., Маҳмадаминов С., Раҳмонов М., Воҳидов Р. сипосномаҳои Хадамотро супориданд.

         Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ роҳбарияти Хадамот  бо дарназардошти дастовардҳои соҳаи энергетика ба меҳмонони фахрӣ, Сорбони Холмуҳаммадзода, Сироҷов Б., Ёров А., Хоҷаева У., Неъматзода М., Холиқзода М., Файзуллозода З. туҳфаҳои хотиравиро бо тасвири мусаввараҳои иншооти соҳа, ки кори дастии мутахассисони ҳирфаии соҳаи дизайн буда, бо истифода аз резасангҳои нодири кишвар оро дода шудаанд,  тақдим намуданд.                       

Хабарҳои охир