Ҷаласаи Кумитаи иттифоқи касаба

14 декабри соли 2021, 16:18 Дида шуд 385

          Санаи 13 декабри соли 2021 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи Кумитаи иттифоқи касаба (минбаъд КИК)  баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд. Қайд гардид, ки раиси пешинаи Кумитаи иттифоқи касаба Муҳиддинов Ф. бо хоҳиши худ аз кор озод шуданд ва дар пешорӯи ҷамъбасти сол ва таҷлили иди касбии рӯзи энергетикҳо, ҷашни соли нави милодӣ бояд раис ва аъзои нави КИК-ро интихоб намоем. Баъдан тибқи масъалаи якуми рӯзнома сухан ба муовини раиси КИК Абдусамадзода С. дода шуд. Мавсуф оид ба фаъолияти КИК дар соли 2021 ҳисобот дод.  

              Аз рӯи масъалаи дуюм  аъзои комиссияи назоратӣ-тафтишотии КИК Миров М. баромад намуда, ҳисоботи молиявии КИК дар соли 2021-ро манзури аъзои иттифоқи касаба намуд.

        Тибқи масъалаҳои сеюм ва чоруми ҷаласа аъзои нави Кумитаи иттифоқи касаба дар ҳайати Соҳибзода Н. (раис), Толибзода И. (муовини раис), Салимова Н., Миров М., Матробова Ҷ. (аъзо) ва комиссияи назоратӣ-тафтишотии он дар ҳайати Одинаев М., Мухакова М. ва Одинаев А. якдилона қабул ва тасдиқ карда шуд.

     Дар интиҳои ҷаласа сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб ҳайати нави Кумитаи иттифоқи касабаро ба муносибати интихоб шудан ба вазифаҳои пурмасъули ҷамъиятӣ табрик намуда, дар фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуд.

Хабарҳои охир