Ҷаласаи тантанавӣ

5 ноябри соли 2021, 13:23 Дида шуд 1047

 

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

          Санаи 5 ноябри соли 2021 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ  ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ” ва Озмоишгоҳи электротехникӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон оғоз намуда, дар бораи ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат маълумоти мухтасар дод. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократй, ҳуқуқбунёд, дунявй ва ягона мебошад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олй мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.  Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

        Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқй дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқй надоранд.

     Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

       Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурй ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалй амал мекунанд.

        Инчунин сардорони шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил Ҳаитов Саидаҳмад, шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ Одинаев Муҳаммад баромад намуда, дар бораи бобҳои Конститутсия маълумот доданд.

         Дар охир Исҳоқӣ Даврон аз номи роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ  ҳамаи кормандонро бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои хонаободию осудаҳолии рӯзгорашонро изҳор дошт.