Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 сентябри соли 2021, 13:38 Дида шуд 1087

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба

30-солагии Истиқлолияти давлатии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Санаи 3 сентябри соли ҷорӣ дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷаласаи тантанавӣ бахшида таҷлили   ҷашни 30-солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода баргузор гардид.

       Дар ҷаласа, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ, Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Исмоилзода Мирзо Иброҳим, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Мусоева Рафиқа Ғаниевна,  собиқадори соҳаи энергетика Самадӣ Шакарбек Додхоҳ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Дар оғоз баъди пахши Суруди миллӣ сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб  ҳамаи иштироккунандагон ва меҳмононро табрику таҳният гуфта, дар мавзӯи “Истиқлолияти энергетикӣ-таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ” суханронӣ намуданд.

     Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Мусоева Рафиқа дар бораи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорӣ ва таҳкими сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ баромад намуданд.

       Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед, раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Исмоилзода Мирзо,  ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ализода Баҳриддин ва собиқадори соҳаи энергетика Самадӣ Шакарбек дар бораи дастовардҳои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи энергетика зар замони 30 соли истиқлолият суханронӣ намуда, ҳозиринро ба худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ даъват намуданд.

    Аз ҷониби роҳбарияти Хадамот баромадкунандагон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, ки бо рамзи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҳаккокӣ гардидаанд, қадрдонӣ карда шуданд.

    Инчунин ба як қатор кормандон барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар корҳои чамъиятӣ, бо ифтихорномаҳои  Хадамот ва  Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супурда шуданд.